"Савти Фалак ва Фалаки Давлатманд"
Ахиран дар Тоҷикистон таҳти назари Абдулло Бобоев, китоби «Савти Фалак ва Фалаки Давлатманд» ба дасти чоп расид, ки роҷеъ ба зиндагиномаи устод Давлатманд Холов, сулолаи фалаксаройи Холовҳо ва анвоъи фалак қисса мекунад. Давлатманди Хол мегӯяд, дар ин китоб, ки заҳмати беш аз 28 соли ахири ӯ гирдоварӣ шудааст, 9 навъи фалакро ба риштаи адвор кашидааст. Давлатманди Хол афзуд, барои нахустин бор тавонистааст, решапайвандии фалакро бо Дувоздаҳмақоми Борбади марвазӣ илман собит кунад.
Аммо Талаб Сатторов - раиси консерваторияи миллии Тоҷикистон мегӯяд, Фалак ба Дувоздаҳмақом рабт надорад. Талаб Сатторов афзуд, то нашри ин китоб низ анвоъи фалакро бастакорони тоҷик адворбандӣ кардаанд. Аммо Давлатманди Хол мегӯяд, барои адворбандии комили фалак 28 аломати нав кашф кардааст. «Савти фалак ва Фалаки Давлатманд» таҳти сарпарастии молии вазорати фарҳанги кишвар дар нашриёти «Аржанг» бо теъдоди 1000 дона нашр шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонедЭмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон хостааст, "сабур" бошанд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикиаш ба муносибати Наврӯз аз мардум хостааст, ки дар ин “солҳои вазнини башарият” сабур бошанд.
Дар паём, ки рӯзи 19-уми март дар саҳифаи расмии раиси ҷумҳур нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мардуми тоҷик солҳои аз ин сахттаро паси сар кардааст ва ин рузҳои душворро метавонад, паси сар кунад. Дар ин паём омадааст: “Мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.”
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ба сабаби таҳримоти иқтисодӣ ва низоъҳо, ки зоҳиран ишорае ба таҳримоти кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия ва ҷанги он дар Украина аст, “вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад.”
Баъди эъмоли таҳримоти сахти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия, ки бо Тоҷикистон тиҷорати зиёд дорад ва кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, арзиши сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ бахусус доллар поин рафт. Қимати маводи ғизоӣ батадриҷ ба боло ҳаракат мекунад.
Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосӣ барои хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки то аввали моҳи март 270 сомонӣ буд, рӯзи даҳуми март то ба марзи 325 сомонӣ расид. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки истифодаи босамари замин ва кишоварзии дуруст, яке аз роҳҳои “асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.”
Тоҷикистон агарчӣ як кишвари умдатан кишоварзист, аммо ба қадри кофӣ ғалла истеҳсол намекунад ва солона садҳо ҳазор тонна гандумро аз хориҷ мехарад. Бисёре аз маҳсулоти ғизоӣ низ аз хориҷ ворид мешавад ва барои ҳамин ҳукуматро танқид мекунанд, ки натавонистааст, шароитро барои тавлиди маводи ғизоӣ дар дохил фароҳам кунад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Дар Афғонистон 13700 кӯдак аз "нимгуруснагӣ" ҷон додаанд
Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, танҳо дар ҳамин сол бештар аз 13 700 кӯдаки афғон бинобар истеъмоли ғизои нокофӣ ва ё гуруснагӣ фавтидаанд, ки аломати дигаре аз бадтар шудани буҳрони башарӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 18-уми март бо нашри як баёния ва бо такя ба омори вазорати тандурустии Толибон навишт, ки бояд як системаи дурусти бонкӣ ба роҳ монда шавад, то барои рафъи буҳрони башарӣ дар Афғонистон чораҳое андешида шаванд.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, ҳарчанд кишварҳои зиёде ба Афғонистон кумакҳои молӣ ва башарӣ фиристдаанд, аммо маҳдудиятҳо дар фаъолияти Бонки Миллии Афғонистон иҷозаи муомилоти калони молӣ ва ё интиқоли пули зиёдро намедиҳад.
Дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, “Бе тазмини онки кумакҳои молӣ барои ҳадафҳои башарӣ ва тиҷоратҳои қонунӣ сарф мешаванд, коҳиши буҳрон ва кумак ба кӯдакони осебпазиртарини Афғонистон имконнопазир аст.”
Созмони Милал гуфтааст, ки Афғонистон шоҳиди “буҳрони норасоии ғизо, нимгуруснагӣ дар миқёси бузурге” шудааст. Хушксолӣ, нооромӣ, маҳрум шудан аз кумакҳои хориҷӣ дар остонаи ба қудрат расидани Толибон сабаби ин мусибат дар Афғонистон номида шудааст.
Ҳаждаҳ дипломати Русияро аз чаҳор кишвар меронанд
Булғористон гуфт, ки 10 дипломати русро аз кишвар меронад ва Эстонияву Латвияву Литва ҳам гуфтанд, ки айни корро хоҳанд кард.
Вазорати умури хориҷии Булғористон рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба 10 дипломати Русия 72 соат фурсат додааст, то қаламрави он кишварро тарк кунанд, зеро ба фаъолиятҳое машғул буданд, ки бо мақоми дипломатии онҳо мувофиқат намекард.
Дар баёния ҷузъиёти дигаре надодаанд, вале аввали ҳамин моҳ Булғористон ду дипломати русро ба ҷосусӣ муттаҳам карда ва аз қаламраваш ронд. Сафорати Русия дар Булғористон амалкарди ин кишварро “хасмона” номид ва гуфт, Маскав посухи муносиб медиҳад.
Булғористон, ки узви НАТО аст, ҳамлаи Русия ба Украинаро танқид кардааст. Латвия ва Эстония рӯзи 18-уми март гуфтанд, ки дутоӣ аз дипломатҳои Русияро аз қаламравҳояшон хориҷ мекунанд. Литва гуфт, ки ба чаҳор дипломати рус гуфтааст, бояд бираванд. Ҳарсе кишвари узви НАТО гуфтанд, ки ҷанги Русия ба зидди Украина сабаби қабули чунин қарорҳо аст.
Байден ба раҳбари Чин гуфтааст, ки ба Русия кумак накунад, вагарна.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои чинии худ Ши Ҷинпинг гуфтааст, ки дар сурати ҳаргуна кумаки Чин ба Русия дар ҷанг ба зидди Украина, Пекин “подош”-и амалашро мегирад.
Кохи Сафед рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ду раҳбар дар суҳбати тақрибан дусоата дар бораи Украина, Тайван ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугу кардаанд.
Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст: “Раиси ҷумҳур мушкилоту паёмадҳоеро тасвир кард, ки Чин дар сурати кумак ба Русия дар ҳамлаҳои бераҳмонааш ба зидди шаҳрҳо ва ғайринизомиёни Украина хоҳад дид.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки Ҷо Байден, “ба роҳи ҳалли дипломатии буҳрон” таъкид кардааст.
Як мақоми дигари амрикоӣ дар суҳбати алоҳида бо хабарнигорон гуфтааст, ки Ҷо Байден ба Ши Ҷинпинг гуфтааст, дар сурати кумаки моддӣ ба Русия, Чин на танҳо аз Амрико, балки тамоми дунё посух мегирад. Матбуоти давлатии Чин гузориш дод, ки раиси ҷумҳури ин кишвар ба Ҷо Байден гуфтааст, ки Амрико ва Чин бояд барои сулҳ ҳамкорӣ кунанд.
Чин нисбат ба ҷанги Русия дар Украина бетарафиро ихтиёр кардааст ва ҳоло Амрико метарсад, ки мумкин аст, Чин ба Маскав кумакҳои молӣ ва низомӣ бирасонад. Дар натиҷаи ҷанги Русия ба зидди Украина, ки рӯзи 24-уми феврал оғоз ёфт, бештар аз 3 миллион нафар аз он кишвар гурехтаанд.
Додгоҳ марзбони собиқи тоҷикро ба 22 соли зиндон маҳкум кард
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Панҷакентро бо гуноҳи қатли як ҳамдеҳааш дар 16 соли пеш ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст. Додситонии кулл рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки Сироҷиддин Узоқовро, ки соли 2006 дар сафи неруҳои марзбонӣ хидмат мекард, додгоҳ рӯзи 17-уми феврал дар қатли ҳамдеҳааш Норбоев Х гунаҳкор донист ва ӯро ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки Сироҷиддин Узоқов шаби 20-уми августи соли 2006 аз “ҳиссиёти авбошӣ” ба сару рӯи Норбоев бо санг зада, ӯро куштааст. Ба гуфтаи додситонӣ, марзбони собиқ ҳамон шаб ғайриқонунӣ аз сарҳади Узбекистон гузашта ва аз онҷо ба Қазоқистон рафта, зиндагӣ мекардааст.
Ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон 30-уми сентябри соли 2021 дастгир карда, барои муҳокима ба Душанбе фиристодаанд. Додситонӣ мегӯяд, додгоҳ бо назардошти Қонуни афв 2 соли зиндони Сироҷиддин Суяровро кам кардааст, вале ӯ бояд 20 сол, яъне то соли 2042 дар зиндони низомаш сахт бояд нигаҳ дошта шавад. Маълум нест, ки ӯ аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст ва ё не.
Олаф Шолтз аз Владимир Путин хостааст, ҷангро қатъ кунад
Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостааст, ки ҳамла ба Украинаро қатъ кунад ва имкон бидиҳад, буҳронро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанду аз як фалокати башарӣ пешгирӣ намоянд.
Дафтари садри аъзами Олмон дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 18-уми март хабар дод, ки ду раҳбар дар бораи “ҷанг дар Украина ва талошҳо барои поён додан ба он” тақрибан як соат гуфтугу кардаанд. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора надодаанд, вале дар баёнияе, ки ҳукумати Русия нашр кард, омадааст, “ҷониби Русия омодаи ҷустуҷуи роҳи ҳалл бар асоси усулҳои собитшуда аст.”
Баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал ба гуфтаи вазорати умури дохилии Олмон бештар аз 187 ҳазор нафар ба ин кишвар гурехтаанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, теъдоди паноҳҷӯён зиёдтар аз ин аст, чун аз 2 миллион нафаре, ки ба Лаҳистон рафтаанд, теъдоди зиёде аз онҳо роҳашонро ба самти Олмон идома додаанд.
Як хеши дигари Нурсултон Назарбоевро дастгир кардаанд
Ғайрат Боронбоев, яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Қазоқистон ва падарарӯси набераи фавтидаи Нурсултон Назарбоевро бо иттиҳоми дуздии моликияти ғайр боздошт кардаанд.
Хадамоти Назорати Молии Қазоқистон рӯзи 17-уми март бо нашри як баёния гуфт, ки Ғайрат Боронбоеви 55-сола бояд то замони анҷоми таҳқиқи парвандааш то ду моҳ дар боздоштгоҳ бимонад.
Духтари Боронбоев, Алима Боронбоева ва Ойсултон Назарбоев, набераи Нурсултон Назарбоев соли 2013 издивоҷ карданд. Ойсултон, ки бино ба гузоришҳо нашъаманд шуда буд ва дар Бритониё чанд дафъа барои қонуншиканӣ дастгир шуд, дар 29-солагиаш дар Лондон даргузашт.
Хадамоти Мубориза Бо Коррупсия дар Қазоқистон рӯзи 17-уми март хабар дод, ки Гулмира Сотиболдӣ, ҳамсари Ғайрат Сотиболдилӣ, ҷияни ҳамсари Нурсултон Назарбоевро рӯзи 16-уми март бо иттиҳоми ғайриқонунӣ аз худ кардани тиҷорати каси дигар дастгир кардаанд. Худи Сотиболдилиро рӯзи 15-уми март бо иттиҳоми дуздии моликияти ғайр ва сӯистифода аз мақом дастгир кардаанд.
Коҳиши назарраси интиқоли пули муҳоҷирони узбек ба ватан
Раиси Бонки миллии Узбекистон Мамаризо Нурмуродов гуфт, аз моҳи марти соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба он кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
"Ҳаҷми умумии интиқоли пул аз Русия ба Узбекистон дар нимаи аввали моҳи марти соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Вале ҳоло гуфтан мушкил аст, ки коҳиши интиқоли маблағ дар пасманзари беқурбшавии рубл ба миён омадааст, ё не", - изҳор дошт Нурмуродов.
Аммо раиси Бонки миллии Узбекистон дар ин замина арқоми дақиқеро зикр накард.
Муҳоҷирони кории Узбекистон соли гузашта 8,1 миллиард доллари амрикоӣ ба ватан фиристодаанд. Бино ба пешбиниҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, интиқоли пули муҳоҷирони узбек дар соли 2022 ба далели вазъи иқтисодии Русия 21 дарсад коҳиш ёфтааст.
Теъдоди паноҳҷӯёне, ки ба Лаҳистон гурехтаанд, аз 2 миллион нафар гузашт
Хадамоти Марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ки теъдоди паноҳҷӯёне, ки аз тарси ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ба он кишвар ворид шудаанд, аз марзи 2 миллион гузаштааст, ки бештар аз аҳолии пойтахт шаҳри Варшава аст.
Хадамоти мазкур рӯзи 18-уми март дар Твиттер хабар дод, ки вуруди паноҳҷӯён батадриҷ камтар мешавад ва дар 24 соати гузашта 52 ҳазор нафар ба Лаҳистон омадаанд. Дар навиштаи Хадамоти Марзбонии Лаҳистон дар Твиттер омадааст: “Аксарияти онҳо занону кӯдаконанд. Марзбонон аввалин лаҳистониҳое ҳастанд, ки ба онҳо дар гузаштани марз кумак мекунанд. Аксар вақт фақат каломи ҳимоят муҳимтар аз ҳама аст.”
Бино ба омори Созмони Милал то кунун бештар аз 3 миллион нафар аз Украина гурехтаанд. Маълум нест, чӣ қадар аз паноҳандагон дар Лаҳистон мондаанд, чун бовар меравад, ки бисёре аз онҳо ба кишварҳои дигар рафтаанд. Русия рӯзи 24-уми феврал бедалел ба Украина ҳамла кард.
Русия ба таъмиргоҳи ҳавопаймоҳои низомии Лвов зарба задааст
Раиси шаҳри Лвови Украине мегӯяд, мушакҳои Русия рӯзи 18-уми март ба як коргоҳи таъмири ҳавопаймоҳо дар як фурудгоҳ бархӯрда ва ба он осеб расонидаанд.
Аз тарафи дигар Ҷопон ва Австралия эълон карданд, ки ба зидди чанде аз муассисаҳои Русия таҳримоти нав эъмол мекунанд. Андрей Садовий, раиси шаҳри Лвов рӯзи 18-уми март гуфт, чанд мушак ба таъмиргоҳи ҳавопаймоҳои низомӣ бархӯрда, ба таъмиргоҳ ва як коргоҳи дигари таъмири автобусҳо осеб расондааст.
Дар бораи талафот гузорише нарасидааст. Неруҳои Русия ҳамла ба дигар шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киевро идома медиҳанд ва аз тирандозӣ аз тӯпхонаҳо гузориш мерасад. Неруҳои ҳавоии Украина гуфтаанд, ки мушакҳоро аз Баҳри Сиёҳ партоб кардаанд ва онҳо тавонистаанд, аз байни 6 мушак дутои онро нобуд кунанд.
Бо идомаи ҳамлаи неруҳои Русия ба иншооти ғайринизомӣ, ба мисли мактабу шифохонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, раҳбарони ҷаҳонӣ талаб доранд, амалкардҳои Русия тафтиш шавад. Қарор аст, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико бо Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин дар бораи мавзеъгирии он дар баробари ҷанги бедалели Русия дар Украина телефонӣ суҳбат кунад.
Дар Қирғизистон истеъфои вазири тандурустиро талаб доранд
Собиқ вакили порлумони Қирғизистон Галина Куликова 18-уми март дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки барои ҳифзи шаъну шарафи донишманд ва ҷарроҳи машҳури он кишвар Эрнст Акрамов ситоди махсус ташкил шудааст.
Куликова аз президент Содир Ҷабборов ва раиси Девони вазирон Оқилбек Жапаров даъват кардааст, ки нисбат ба вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев чораандешӣ кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ситоди ҳимоят аз Акрамов истеъфои вазири тандурустии Қирғизистонро талаб мекунад.
Пештар вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев дар ҷаласаи порлумонӣ қазияи ҷарроҳро матраҳ карда, гуфта буд, ки президенти кишвар бояд ба амалкарди вазири тандурустӣ вокуниш нишон диҳад.
Дар Қирғизистон ахиран чандин сардухтур ва донишмандони соҳаи тибби ин кишвар аз вазифаҳои раҳбарӣ барканор шуданд. Вазири тандурустӣ барканориҳоро бо як лаҳни тунд ва таҳқиромез шарҳ дода, гуфт, он дар доираи як ислоҳот сурат гирифтааст.
Табиат бо "бедодгарӣ" дар Тоҷикистон чанд ҷойро вайрон кард
Табиат дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон “бедодгарӣ” карда, ба хонаву иншооту ва зербунёдҳои муҳим осеб расонидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 18-уми март гуфт, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар тарма, ярчу сангрез ва обхезӣ дар рӯдхонаҳо ба мушоҳида расидааст. Аз ҷумла 17-уми март дар ноҳияи Роштқалъа тарма ду хонаро вайрон кардааст, вале касе осеб надидааст.
Ҳамчунин дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон сел се сар гӯсфанди сокинонро нобуд кардааст. Мақомот гуфтанд, хисороти расидаро арзёбӣ мекунанд. Дар шимоли кишвар дар ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент оби рӯдхона баланд шуда, ба як пул осеб расондааст. Субҳи имрӯз 18-уми март дар километри 266-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ 30-35 метр ярч ба қайд гирифта шудааст. Роҳ муваққатан баста шудааст.
Соати 2-и имрӯз ҳамчунин дар натиҷаи сангрез шоҳроҳи Кӯлоб-Шоҳин-Дарвоз дар наздикии ҷамоати Вишхарви Дарвоз муваққатан баста шуд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, роҳҳои Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қалъаи Хумб-Ванҷ-Хоруғ ва Ванҷ-Рӯшон низ барои як муддат баста мешаванд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, боронҳои сел дар кишвар то рӯзи 20 март идома мекунанд ва дар ин муддат хатари селу обхезӣ ва тарма зиёд аст. Биноан аз сокинон хоста мешавад, дар се рӯзи оянда аз сафар ба минтақаҳои куҳистонӣ худдорӣ кунанд. Дар як ҳафтаи ахир чандин корбари Радиои Озодӣ ҳам бо ирсоли навор аз офатҳои табиӣ дар ҷойи зисташон хабар доданд. Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки мақомот саривақт ба ёриашон намеоянд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, дар ҷанги Украина ба 43 муассисаи тиббӣ ҳамла шудааст
Дар амалиёти ҷангӣ дар Украина на камтар аз 43 муассисаи тандурустӣ мавриди ҳамла қарор гирифта, на камтар аз 12 кас дар муассисаҳо фавтидааст.
Дар ин бора раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳамла ба муассисаҳои тандурустӣ дар ҳама гуна ҷангҳо поймолсозии ҳуқуқи байналхалқии башарӣ баҳо дода мешавад.
Намояндагони кишварҳои Ғарб дар ҷаласаи Шӯрои амният бори дигар амалиёти Русияро танқид ва даъват карданд, ки тиркушоӣ фавран қатъ шавад.
Дар Алмато ба баргузории гирдиҳамоии зидди ҷанг иҷоза надоданд
Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ба фаъолони шаҳрвандӣ иҷоза надод, ки гирдиҳамоии зидди ҷанги Русия дар Украинаро баргузор кунанд. Дар ин бора Алнур Иляшев, яке аз фаъолон рӯзи 17 март дар "Фейсбук" хабар дод.
Фаъолон ҳанӯз 11-уми март барои баргузории гирдиҳамоӣ дархост дода буданд ва ин гирдиҳамоӣ мебоист, 19-уми март таҳти шиори "Ҳимоят аз мардуми украин. Қатъи ҷанг дар Украина" баргузор шавад.
Аз ҳукумати шаҳри Алмато ин мавзуъро то ҳанӯз шарҳ надодаанд. Иляшев гуфт, фаъолон тасмим доранд, дубора барои баргузор кардани гирдиҳамоӣ дархост диҳанд.
Рӯзи 26-уми феврал пушти дари консулгарии Русия дар шаҳри Алмато гирдиҳамоии зиддиҷангӣ бо ширкати иддае аз сокинон баргузор шуд. Ширкатдорон боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд.
Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод дар Рига ва Вилнюс намояндагӣ мекушояд
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар пойтахти Латвия, шаҳри Рига ва пойтахти Литва, шаҳри Вилнюс намояндагӣ таъсис медиҳад. Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 17 март, баъд аз он хабар дод, ки намояндагии радио дар шаҳри Москва ба далели фишорҳои мақомоти Русия ва таҳдиди амниятӣ ба рӯзноманигорон баста шуд.
Дар идораи нав дар Латвияву Литва рӯзноманигорони Бахши русии Радиои Озодӣ, ки пештар дар Москва кор мекарданд, ҳамчунин телевизиони "Настояшее Время" ва рӯзноманигорони Бахши белорусии Радиои Озодӣ, ки ба далели таъқибҳо маҷбур буданд, Белорусро тарк кунанд, фаъолият хоҳанд кард.
"Намояндагиҳои нав барои мухотабони мо дар Русия ва Белорус, сарфи назар аз ҳамаи талошҳои ин ду кишвар дар робита ба хомӯш кардани садои рӯзноманигории мустақил, мавод таҳия мекунанд. Мо аз гузашта фаъолтар хоҳем шуд ва бо мухотабони худ дар Русия ва Белорус бештар дар иртибот хоҳем буд, мо ба онҳо ҳамон иттилоеро медиҳем, ки шаҳрвандони ин ду кишвар аз мо интизор доранд ва ниёзманди он ҳастанд", - гуфт Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Вай ҳамзамон аз Латвия ва Литва барои кӯмакашон дар ҳимоят аз озодии баён ва журналистоне изҳори сипос кард, ки иҷборан кишварҳои худро тарк кардаанд.
Дар Рига, ба илова хабарнигорони бахши русиву белорусии радио, шуъбаи нави радио - таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ҷо дода мешавад.
Рӯзи 4 март Хадамоти федеролии андози Русия ба додгоҳи ҳакамии шаҳри Москва муроҷиат ва талаб кард, ки Радиои Озодиро дар Русия иҷборан муфлис эълом кунад. Дар моҳҳои ахир фишор болои рӯзноманигорони радио дар Русия ба таври қобили мулоҳиза афзуда буд. Рӯзи 6 март Радиои Озодӣ эълом кард, ки фаъолияташро дар дохили Русия қатъ мекунад.
Сабаби муфлисшавии Радиои Озодӣ дар Русия худдории ин радио аз пардохти ҷаримаҳое буд, ки мақомоти Русия ба он баста буданд. Мақомоти Русия аз Радиои Озодӣ талаб мекарданд, ки дар ҳар кадом матлаби худ "агенти хориҷӣ" буданашро эълом кунад. Радио ин талабро иҷро накард ва ба ин далел мақомоти Русия онро дар маҷмуъ 13 миллион ҷарима баст. 18 рӯзноманигори бахши русии радио аз сӯи вазорати адлияи Русия ҳамчун "агенти хориҷӣ" эълом шуданд.
Мақомот мегӯянд, ҳудуди 30 000 кас Мариуполро тарк карданд
Мақомот дар шаҳри муҳосирашудаи Мариуполи Украина гуфтанд, ки рӯзи 16-уми март тақрибан 30 ҳазор кас аз ин минатқа фирор кардаанд. Онҳо ҳамзамон гуфтанд, теъдоди қурбониёни эҳтимолии ҳамла ба театрро, ки дар онҷо мардуми осоишта паноҳ бурда буданд, мушаххас мекунанд.
Шаҳрдории Мариупол дар Telegram навишт, “ҳудуди 30 ҳазор нафар бо нақлиёт рафтанд” ва афзуд, “80 дарсади манзилҳои истиқоматӣ вайрон шудааст.”
Мақомот мегӯянд, то ҳол тахмин задани шумори қурбониёни эҳтимолӣ бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба театр имконнопазир аст.
“Дирӯз ва имрӯз, бо вуҷуди тирпарронии пайваста, ба қадри имкон харобаҳо тоза карда шуда, одамон наҷот дода мешаванд. Маълумот дар бораи қурбониён рӯшан карда мешавад,” -- омадааст дар изҳороти шаҳрдории Мариупол. Дар онҷо дар бораи теъдоди наҷотёфтагон маълумоте нест.
Муовини раиси шаҳр гуфтааст, эҳтимол аз 1000 то 1200 нафар дар дохили театр будаанд.
Русия бомбгузории театрро рад кард.
- Навтаринҳо
- Пешина
Боздошти таҷаммуъгарон дар назди сафорати Русия дар Бишкек
Пулиси шаҳри Бишкек дар Қирғизистон 17-уми март ҳомиёни ҳуқуқ Ондуруш Токтонасиров, Динор Ошурахунов ва Азиз Абдирасуловро, ки дар назди сафорати Русия ба нишони эътироз таҷаммуъ намуда буданд, дастгир кардааст.
Ин хабарро раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Килим шамӣ" Гулшайир Абдирасулова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Пештар хабар дода шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба хотири ҳимоят аз Украина дар назди намояндагии дипломатии Русия ҷамъ шудаанд.
Пулиси пойтахти Қирғизистон боздошти ҳомиёни ҳуқуқро то ҳол шарҳ надодааст.
Расонаҳо ибтидои ҳафтаи равон хабар доданд, ки додгоҳе дар Бишкек 14-уми март баргузории ҳамоишҳои эътирозиро дар ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон манъ кардааст.
Бинобар ин, бар асоси ин қарор, баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ то 11-уми апрели соли равон дар назди бинои порлумон, ҳукумат, сафорати Русия ва майдони марказии Ала-Тоо манъ мебошад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Дар садамае бо иштироки хеши Мирзиёев 8 узви як оила ҷон бохтаанд
Дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки 13-уми март дар шаҳраки Даштободи ноҳияи Зомини Узбекистон рух дод, 8 узви як хонавода ҷон бохтааст. Се нафари ҳалокшудаҳо кӯдакони 5, 7 ва 10-сола мебошанд.
Бино ба хабарҳо, ронандаи мошини "Киа", ки бо суръати баланд ҳаракат мекардааст, дар роҳи Даштобод-Зомин ба самти муқобил баромада, ба мошини "Нексия" бархӯрдааст.
Шоҳидони садама ва манбаъҳои Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар вилояти Ҷиззах гуфтанд, мошини "Киа"-ро Иброҳим Абдукаримови 15-сола, ки гуфта мешавад, хеши хонаводаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст, идора мекард.
Ба иттилои Беморхонаи ёрии таъҷилии вилояти Ҷиззах, дар натиҷаи ин садама Хоҷам Бекмуродови 60-сола, ҳамсар, писар, келин, се набера ва ҷияни ӯ (ронандаи "Нексия") ба ҳалокат расидаанд.
Як манбаъ, ки дар яке аз муассисаҳои давлатии Ҷиззах кор мекунад, гуфт, Иброҳим Абдукаримови 15-сола писари хоҳарарӯси Мухтор Мирзиёев, амакбачаи президенти Узбекистон мебошад. Мухтор Мирзиёев мансабдори баландпояи Вазорати умури дохилии Узбекистон аст.
- Навтаринҳо
- Пешина
"Дар ҷанги Украина 7000 сарбози рус кушта шудааст"
Нашрияи "The New York Times" бо истинод ба маълумоти иктишофҳои Амрико навиштааст, ки аз оғози ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина то ба ҳол беш аз ҳафт ҳазор низомии Русия кушта шудааст.
Ба иттилои нашрия, ҳамчунин аз 14 то 21 ҳазор низомии дигари рус захмӣ шудаанд. Ҷамъан Русия ба ҷанг алайҳи Украина то 150 ҳазор сарбозро сафарбар кардааст, менависад "The New York Times".
Манбаъҳои нашрия гуфтаанд, ки ин маълумот дар бораи талафоти артиши Русия тахминӣ ва дар асоси сарчашмаҳои боз, аз ҷумла Вазорати дифои Украина ва аксҳои моҳвораӣ гирифта шудааст.
Намояндагони Вазорати дифои Амрико мегӯянд, шумори зиёди кушташудаҳо эҳтимол дорад, ба руҳияи низомиёни Русия, ки як қисмашон намедонанд, чаро бо Украина меҷанганд, таъсир расонад.
Мақомоти Украина гуфтанд, Русия аз оғози ҳамла ба хоки ин кишвар то ҳол ҳудуди 14 ҳазор сарбозро аз даст дод. Вазорати дифои Русия дар навбати худ шумори сарбозони кушташудаи Украинаро беш аз 18 ҳазор хонд.
Русия 24-уми феврал ҳамла ба Украинаро оғоз кардааст.
- Навтаринҳо
- Пешина
"Хатлон" ва "Равшан" дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022, ки бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, ба поён расид. Аз рӯи натиҷагирии он дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоии мусобиқа маълум шуданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, “Хатлон”, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард ва ба финал баромад. “Равшан” бо 7 имтиёз дар гурӯҳи “Б” ғолиб гардид. “Эсхата”-и Хуҷанд” низ 7 имтиёз ба даст овард ва дар гурӯҳи “А” ҷойи аввалро азони худ кард. Вале бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Равшан” ба финал роҳ ёфт.
Ба ин тартиб, дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 18-уми март баргузор мешавад, дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб барои ҷоизаи аслӣ мубориза мебаранд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022
Марҳилаи гурӯҳӣ
Гурӯҳи «А»
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т/Т
И
1
«Эсхата» (Хуҷанд)
3
2
1
0
7-4
7
2
«Файзканд» (Восеъ)
3
1
2
0
3-2
5
3
Тоҷикистон (U-20)
3
1
0
2
4-5
3
4
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
3
0
1
2
5-8
1
Гурӯҳи «Б»
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т/Т
И
1
«Равшан» (Кӯлоб)
3
2
1
0
21-2
7
2
«Истаравшан» (Истаравшан)
3
2
1
0
14-3
7
3
«Истиқлол - ҷавонон» (Душанбе)
3
1
0
2
3-11
3
4
«Гулистон» (Гулистон)
3
0
0
3
3-25
0
Гурӯҳи «В»
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т/Т
И
1
«Хатлон» (Бохтар)
3
3
0
0
12-4
9
2
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
3
1
1
1
4-4
4
3
КМВА (Душанбе)
3
1
1
1
3-5
4
4
«Равшан» (Зафаробод)
3
0
0
3
4-10
0
Бозӣ барои ҷойи сеюм
14:30 – «Эсхата» – «Истаравшан». Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-2»
Финал
14:30 – «Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб). Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1»
Узбекистон гуфт, истиқлоли Донетск ва Луганскро эътироф намекунад
Вазири корҳои хориҷии Узбекистон, Абдулазиз Комилов, рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи Сенати он кишвар гуфтааст, Тошканд пешниҳоди кумаки башардӯстонаро ба Украина идома медиҳад.
"Ҷумҳурии Узбекистон истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетскро эътироф намекунем," -- изҳор доштааст Комилов.
Ба гуфтаи вай, Узбекистон бар асоси консепсияи сиёсати хориҷии худ ба ҳеч созмон ё эътилофи низомӣ нахоҳад пайваст.
Комилов афзуд, таҳримҳое, ки Ғарб баъд аз низои Украина алайҳи Русия эълон кард, ба иқтисоди Узбекистон таъсири бевосита доранд ва вазифаи Тошканд пешгирӣ аз таъсирҳои манфии ин таҳримҳо аст.
- Навтаринҳо
- Пешина
Гузоришҳо аз ҳамлаи Русия ба як театр дар шаҳри Мариуполи Украина
Русия рӯзи 16-уми март дар ҳамлаи ҳавоӣ бинои як театрро дар шаҳри Мариупол нишон гирифт, ки гуфта мешавад садҳо нафар дар он паноҳ ёфта буданд.
Сергей Орлов, муовини раиси шаҳри бандарии Мариупол, бо зикри ин хабар ба рӯзноманигорон гуфт, аз 1000 то 1200 нафар дар бинои театр шаҳр паноҳ гирифтаанд ва маълум нест, ки чанд нафар аз онҳо дар ин ҳамла ҷон бохтанд. Раиси шаҳр Вадим Бойченко дар "Телеграм" ҳамларо "фоҷеаи дигар хонд".
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар наворе гуфт, мардум барои ҳифзи ҷонашон ба ин театр паноҳ бурданд ва ҳоло он тахриб шудааст. Вай афзуд, ҳанӯз аз талафот иттилооте дар даст нест.
Вазорати корҳои хориҷии Украина ҳам гуфтааст, ки нерӯҳои русӣ бомбаи қавиеро ба толори театри шаҳри Мариупол партоб карданд, ки боиси талафоти ғайринизомиён шудааст.
Аммо хабаргузории русии РИА Новости ба нақл аз Вазорати дифои Русия иддао кард, ки аъзои як гурӯҳи ниманизомии украинӣ бинои театри Мариуполро таркондаанд.
Бритониё ва панҷ кишвари дигар дар Созмони Милали Муттаҳид хоҳони баргузории нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар 17-уми март шуданд. Онҳо хостори ҳимояти ғайринизомиёни украинӣ шуданд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Русияро аз Шӯрои Аврупо берун карданд
Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо Русияро аз ин созмон берун кард.
Пештар Ассамблеи порлумонии Шӯрои Аврупо тавсия дода буд, ки Русия аз Шӯрои Аврупо ронда шавад.
Ба ҷуз ин, аз 16-уми март Русия дигар узви Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон нест. Акнун додгоҳҳои Русия вазифадор нестанд, ки аз содир кардани ҳукми қатл худдорӣ варзаданд.
Шӯрои Аврупо ба далели ҳамлаи Русия ба Украина узвияти Москваро охири моҳи феврал дар ин созмон боз дошта буд. Русия 15 март Шӯроро хабардор кард, ки аз созмон хориҷ мешавад.
Русия соли 1996 узви Шӯрои Аврупо шуда буд ва аввалин кишварест, ки аз ин созмон ихроҷ мешавад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Президенти Украина ба таври онлайнӣ дар Конгресси Амрико сухан гуфт
Президенти Украина Владимир Зеленский 16-уми март дар Конгресси Амрико ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ суханронӣ кард.
Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи чаҳоршанбе ба хоҳиши Украина барои кумакҳои бештари ҳарбиву техникии 800 миллион долларӣ посухи мусбат дод. Аммо дархости президенти Украина барои манъи парвозҳо дар фазои кишвараш дар пайи ҳамлаҳои Русия рад шудаааст.
Бастаи нави ёриҳои Амрико пас аз муроҷиати президенти Украина ба қонунгузорони амрикоӣ сурат мегирад, ки рӯзи чаҳоршанбе гуфт, дар пайи ҳамлаи сеҳафтаинаи артиши Русия барои ҳифзи кишвараш талоши бештар мекунад.
"Ман бояд осмонамонро муҳофизат кунам," -- гуфт Зеленский.
Вай бори дигар дархост кард, ки фазои кишварашро минтақаи мамнуъулпарвоз эълон кунанд, вале Кохи Сафед гуфтааст, ин кор Амрикоро бо Русия дар рӯёрӯии мустақим қарор медиҳад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Antalya Grand Slam 2022"
Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 1-3-юми апрел дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, шаш варзишгари тоҷик иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2022" то имрӯз, 17-уми март, иштироки 458 варзишгар (277 мард ва 181 зан) аз 62 кишвар дар назар аст.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Абубакр Шеров, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.
Рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувуми мусобиқа – 2-юми апрел - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқа 3-юми апрел бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон - ба поён мерасад.
Ба варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Зимнан, "Antalya Grand Slam 2022" барои варзишгарони тоҷик панҷумин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Сипас дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор шуд, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро гирифт.